Санаи 17.10.2024 дар саҳни бинои асосии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии намоишӣ бахшида ба иди Меҳргон таҳти унвони “Меҳргон ҷашни ниёгони миллати тоҷик” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раёсати коллеҷ ва ҳамзамон меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия инчунин роҳбарони якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва намояндагон аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ иштирок намуданд.

Нахуст ҳозиринро директори коллеҷи техникӣ, доктори илмҳои техникӣ и.в. профессор Саидзода Масрур Мирзохон бо ҷашни аҷдодиамон “Меҳргон” табрику муборакбод намуда, аз таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии ин ҷашни қадимаи аҷдодиамон ёдовар шуданд.

Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад.

Дар саҳни коллеҷ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, дастранҷи марди деҳқон, ки бозгӯи фаровонии дастархони мардум мебошад, рамзи фаровонӣ ва ҷамъоварии ҳосилу баракати рӯзгор арзёбӣ мегардад, ба марази тамошо гузошта шуд.

Дар намоиш ҳосили фаровон, полезиҳо, сабзавотҳо ва меваҳои гуногун, инчунин ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи факултетҳои коллеҷ дар сатҳи баланд ташкил ва пешкаш карда шуд.