Санаи 05.10.2022 дар муассисаи давлатии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии илмӣ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон баргузор гардид.
Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар Ҳакимович меҳмонро аз кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоњи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ муаррифӣ намуда, чорабиниро кушода эълон кард ва ҳамаи кормандону омӯзгоронро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба корҳои илмиашон бурдбориҳоро таманно намуд.
Азимов Х.Ҳ. зимни баромади хеш қайд намуд, ки мо имрӯз дар арафаи ду ҷашни бузург, яке Рӯзи Забон ва дигар Иди касбии омӯзгорон қарор дорем. Яъне, ҳамагон медонем, ки ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр Иди касбии омӯзгорон ва рӯзи 5-уми октябр Рӯзи Забон дар саросари ҷумҳурии азизамон ҷашн гирифта мешавад. Ду мафҳум – забон ва омӯзгор дар ҳақиқат муқаддасанд ва ба ҳам тавъаманд. Бузургии шахсият ва омӯзгор аз забони бурро, шево, фаҳмо муайян карда мешавад, зеро забон воситаи асосии муоширати байниҳамдигарии инсонҳо мебошад. Шоирону нависандагони тоҷик дар васфи забони тоҷикӣ ва манзалати омӯзгор шеъру суханҳои зиёд гуфтаанд. Шоирону нависандагони тоҷик дар васфи забони тоҷикӣ ва манзалати омӯзгор шеъру суханҳои зиёд гуфтаанд. Нест шоиру нависандае, ки дар эъҷодиёти худаш ин ду мафҳуми барои зиндагии инсон зарурро инъикос накарда бошад. Ба ин хотир, ҳамаи шумо устодони азиз ва дар симои шумо кулли мардуми сарбаланди тоҷикро бо ин ду ҷашни фархунда ва бошукӯҳ табрику таҳният намуда, ба Шумо умру дароз, хонаи обод ва дар тарбияи насли наврас, беҳтарин комёбиҳои назаррасро таманно дорам. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромади худ қайд менамоянд, ки “Эҳтироми забони давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди соҳибватан аст”. Бино бар ин аз ҳамаи Шумо пос доштани забони миллӣ, арз гузоштан ба ин забонро орзумандам.
Дар рафти конференсия муовини сармуњаррири маљаллаи “Навруста”-и ДДОТ ба номи С.Айнӣ Қурбонзода Насимбек баромад намуда оид ба ањамияти забони давлатӣ дар љомеаи муосир қайд намуд, ки бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон забони модарии худро донад ва эҳтиром намояд… Забон муӽимтарин воситаи алоқаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шуда, ташаккул ёфтаанд ва зуӽури ӽарду ӽам бо меӽнат алоқамандӣ дорад. Бояд қайд намуд, ки дар олам забонӽои зиёд арзи ӽастӣ доранд. Забони тоҷикӣ яке аз забонӽои бою шево ва ширину гуворо буда, миёни дигар забонӽо ҷою мақоми шоиста дорад. Миллати некноми тоҷик ӽазорсолаӽост, ки бо ин забони нобу шево муошират ва гуфтугӯ карда, фарӽанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигар («Авасто», «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ», «Тоҷикон» ва ғайра) дар таърих сабт намудааст. Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи омӯзгорон ва кормандонро бо ин ду ҷашни муқаддас табрик гуфта, ба онҳо тани сиҳатро таманно намуд.
Дар рафти кори конференсия омӯзгорони кафедраи забони тољикии коллељи техники Юсупова Нигина ва Абдуназарова Гулљањон баромад намуда, қайд намуданд. Қайд карда шуд, ки забони мо баёнгари сарнавишт ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллатамон аст. Мафҳумҳои забони модарӣ, давлату давлатдории миллӣ, ваҳдату истиқлолияти миллӣ барои ҳамаи мо азизу муқаддасанд. Эҳтирому арҷгузорӣ ба забон ин пеш аз ҳама эҳтиром ба модари азиз аст.
Сипас донишҷӯи курси 2-юми курси 2-юми факултети муњандисию иқтисодии коллеҷи техникӣ Рањимзода Ањмад маърӯза намуда, аз суханҳои Пешвои фархундапайи миллат баҳри омӯзгорон ироа кард: “Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ аз маҳсули ранҷу машаққати шабонарӯзии омӯзгор вобаста аст”.
Асосгузори адабиёти форсу тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мақом ва манзалати омӯзгорро дар ҷомеа чароғи маърифат, нуру эҳёи миллат дониста, бе хизмати ӯ аз бехирадон тира шудани рӯзгорро ҳушдор додаст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Омӯзгор машъалафрӯзи ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба зиммаи ӯ масъулияти басо бузург ва пуршараф – таълиму тарбияи насли наврас вогузор карда шудааст. Мо донишҷӯён дар руҳияи содиқ будан ба анъанаҳои неки гузаштагони хеш, донистани забону таърихи пурғановати миллати худ, дар руҳияи ватандӯстию инсондӯстӣ талош варзем.