«Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи Ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири пос доштани диловарию шуҷоат ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд.
Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро додаанд, сари таъзим фуруд меорем».
Эмомали Раҳмон
Муҳтарам ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ, кормандон ва донишҷӯёни арҷманд бо камоли самимият Шуморо ва дар шахси Шумо тамоми шаҳрвандони Ватани маҳбубамонро ба муносибати 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм табрику таҳният гуфта, тансиҳатию сарбаландӣ, комёбию хушбахтӣ, рӯзгори ободу осуда ва барору пирӯзиатонро таманно менамоям.
22-июни соли 1941, соати 4-и субҳ Германияи фашистӣ бо ҳаммаслаконаш, бо қувваи ниҳоят зиёди ҳарбӣ ва бе эълони ҷанг ба Иттифоқи ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ҳамла намуд ва ин ҷанг 1818 шабонарӯз идома ёфта, 9-уми майи соли 1945 бо Ғалабаи халқи советӣ анҷом ёфт.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудҳиштарин ва даҳшаттарин ҷанг дар таърихи инсоният аст. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 26 миллион нафар одамони ИҶШС ҳалок гардиданд, ҳазорҳо шаҳрҳо ва даҳо ҳазор деҳаҳо ба хок яксон шуданд, даҳо миллион кӯдакон ятим монданд, миллионҳо нафар маъюби якумра гардиданд.
Дар қисми Аврупоии Россия, ҷумҳуриҳои Украина, Белоруссия, Молдавия, Эстония, Латвия, Литва мактабҳо, интернатҳо, хонаҳои кӯдакон, заводу фабрикаҳо ва идораю муассисаҳои давлатӣ аз кор монда буданд, шаҳрҳои Ленинград, Сталинград қариб 3 сол дар иҳотаи фашистон буданд, аз гурӯснагию нарасидани доруворӣ одамон мемурданд, вале ҳамаи ин мусибатҳо рӯҳияи ватандӯстию мардонагӣ, диловарию қаҳрамонии халқи советиро шикаст дода натавонист.
Барои ҳимоя, бутунии хоки муқаддаси Ватан, саркуб кардани фашизм ва аз зулми онҳо озод намудани давлатҳо мардуми шарифи Тоҷикистон низ дар ин ҷанг саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Аз Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб 300 ҳазор нафар иштирок намуда, қаҳрамонии бемислу монанд нишон доданд. Зиёда аз 92 ҳазор нафар ҳалок гардиданд, 54-нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 нафар бо Ордени Шуҷоат мушарраф ва зиёда аз 56 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуданд.
Меҳнаткашони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар давоми ҷанг ба фронт пайваста сару либос, дорӯворӣ ва дигар маводҳои ҳаётан муҳимро мефиристоданд, дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ дар касалхонаҳои ҳарбӣ ярадорони ҷангро муолиҷа менамуданд, ҷавононро барои ҷанг омода мекарданд ва дар сарҳад дар ҳолати омодабош қарор доштанд.
Вазифаи имрӯзаи мо аз он иборат аст, ки хотираи иштирокчиёну ҳалокшудагони Ҷанги Бузурги Ватаниро ҳеҷ гоҳ аз ёд набарорем, ба қадри мардонагӣ, шуҷоат, далерӣ, нотарсӣ ва корнамоҳои онҳо бирасем. Ҳамеша баҳри ҳифзи Тоҷикистони азиз тайёр бошем, ҳар як ваҷаби хоки Ватанамонро муқаддасу азиз донем, аз қаҳрамонию ватандӯстии аҷдодонамон ибрат гирем ва ҳамеша кушиш кунем, ки сазовори ин Ватан бошему барои пешрафташ талош варзем.
Солҳо мегузаранд, вале диловарию корнамоӣ ва ҷоннисории ҷавонмардони тоҷик хеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва чароғи хотираи онҳо абадан фурӯзон хоҳад монд. Қаҳрамонию шуҷоати онҳо намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватани маҳбубамон маҳсуб меёбад.
Итминони комил дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марзу бум ва хоки муқаддаси кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм ҳимоя хоҳанд кард.
Бори дигар ба Шумо хонаободӣ, хушнудӣ, дастовардҳои беназири меҳнатӣ, сулҳу осоиш ва ба Ватани маҳбубамон пойдории ҷовидониро орзумандем.
Рӯзи Ғалаба хуҷаста бод !