Раёсати таълими коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ
Масъалаҳои асосии дар назди раёсати таълим буда аз инҳо иборат аст:
-баланд бардоштани сифати таҳсилоту раванди таълим;
-ташкил ва ба роҳ мондани раванди таълим;
-кори кафедраю факултетҳоро оид ба таълим мутобиқ намудан;
-баланд бардоштани сифати маҳорати ҳайати профессорону омӯзгорон;
– коркард, пешниҳод ва инкишофи нақшаи дурнамои Коллеҷ;
-паҳн ва таҳлил намудани таҷрибаи пешқадами кории кафедраю факултетҳо оиди таълим;
Вазифаҳои раёсати таълим:
-тартиб додани нақшаи кории соли таҳсил;
-ташкил, назорат ва паҳн намудани маводҳои раванди таълим;
-тартиб додани нақшаи раванди таълим;
– гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолӣ ва назорати иҷроиши он;
-ташкил ва паҳн намудани кори факултетҳо оиди ба нақшагирии корҳои мустақилона ва назорати ва ҷория пешрафти донишҷӯён;
-назорати иҷроиши нақшаҳои таълимӣ оиди ҳамаи ихтисосҳо;
-санҷидани корҳои кафедраю факултетҳо оид ба таълим;
-ба ҳисгирии миқдор ва ҳаракати донишҷуён;
-анализ ва паҳн намудани маводҳои сессияҳои имтиҳонотӣ ва давомоти донишҷуён;
-тартиб додани ҳисоботҳои оморӣ ва корҳои таълимию методӣ;
-назорат ва паҳн намудани маводҳои раванди таълиму тарбия;
-ба нақшагирии истифодабарии аудиторию лабараторияҳо ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизотҳои техникӣ;
-санҷиши кафедраҳо оиди тайёр ва гузаронидани ҳамаи намудҳои раванди таълим;
-тартиб додани ахборотҳо оид ба корҳои таълимию методӣ;
-тайёр намудани маводҳо барои тасдиқ намудани штати профессорону муаллимон ва кормандони ёрирасон;
-тақсим, ҳисоб ва назорати истифодаи фонди соатбайъ, барои пардохти музди меҳнат;
-ҷавоб ба мактубу маълумотҳо оид ба масъалаҳои корҳои таълим;
-тартиб додани ҳисоботҳои солона оиди корҳои таълимию методӣ;
ва дигар вазифаҳову супоришҳои аз ҷониби маъмурият ва Шӯрои олимон пешниҳод мегардида иборат аст.
Дар зертобеи раёсати таълим бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот, бахши таҷрибаомӯзӣ, бахши омор, озмоишгоҳи таълимӣ – истеҳсолӣ, ва офиси бақайдгирӣ вобастаанд.
Кормандони раёсати таълим дар асоси дастурамали вазифавӣ фаъолият намуда ӯҳдадориҳои худро саривақт ба сомон мерасонанд.