ФАЪОЛИЯТИ КОРИИ БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН
Мо тараққиёти ҳаматарафаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриро бе иштироки мутахассисони ҷавон тасаввур намекунем.
Эмомалӣ Раҳмон
Фаъолияти бахши кор бо ҷавонони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбии коллеҷ ҳамчун Созмони ҷавонон дар зери тобеияти Раёсат ва Қисми тарбия арзи вуҷуд дошт. Ҳоло бошад, Бахши кор бо ҷавонон яке аз воҳидҳои таркибии сохтори коллеҷ мансуб меёбад, ки ҷиҳати тадбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2018”, Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи туризм”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии тарбия”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”ва Санадҳои меъёрию ҳуқуқии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар асоси талаботҳои нақшаи чорабиниҳои Раёсати коллеҷ, фаъолияти худро ба роҳ монда баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нақшаҳои кории худро барои ҳар як давраи соли таҳсил таҳия намуда, инчунин Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, инчунин Низомномаи намунавии Шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро дастури амали худ қарор дода, пайваста аз рӯи онҳо амал намуда истодааст.
Дар яке аз баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.
Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.”
Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон намуданд.
Пас мо ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳамаи ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.
Ба ин мақсадҳои некбинона, Бахши кор бо ҷавонони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, хештаншиносӣ, дар равияи ватандўстӣ ва ватанпарастӣ, тарбия намудани насли наврас ва донишҷўёну олимони ҷавони коллеҷ бо мақсади баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ, ташаккул ва рушд додани санъат ва фарҳангдӯстии ҷавонон, таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву рукнҳои давлатдории навин, баланд бардоштани нерўи зеҳнии онҳо, дастгирию ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои ояндасоз фаъолияти кории худро торафт бештар густариш дода, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, тақвияти ҷиҳатҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию варзишӣ, рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дустӣ, ягонагии ҷавонон, донишҷӯён ва олимони ҷавон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, тарбияи донишҷўён дар руҳияи эҳтироми миллӣ, хат, забон, урфу одат ва амалӣ гардонидани иқтидори эҷодии донишҷўёну кормандон ва олимони ҷавони коллеҷ, ҷалби онҳо ба идора ва роҳбарии ташкилотҳою иттиҳодияҳои ҷавонон ва дигар самтҳо, ки дар шахсияти ҷавонон ҳиссаи арзанда мегузорад, доимо дар паи ҷустуҷўи навгониҳои асри нав буда фаъолияти ҳадафраси худро идома дода истодааст.
Бахши кор бо ҷавонони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чуноне, ки дар боло қайд кардем, тибқи нақшаи корӣ амалӣ намуда вобаста ба ҳар як банди нишондодашудаи он охири хафтаи ҳар моҳ ҷаласаи Шӯрои донишҷӯёнро мегузаронад.
СОХТОРИБАХШИ КОР БО ҶАВОНОН
Сохтори бахши кор бо ҷавонони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ аз Шӯрои донишҷӯён ва дигар Созмонҳои ҷамъиятии амалкунандаи факултетҳои коллеҷ иборат мебошад.
Шӯрои донишҷӯёни коллеҷро Бобоев Ҳусейн Комилович роҳбарӣ менамояд.
БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР ХУД СЕ СОЗМОНИ ҶАМЪИЯТИИ ФАКУЛТЕТҲОРО МУТТАҲИД
МЕСОЗАД:
- Созмони ҷавонони факултети “Муҳандисию иқтисодӣ”: Раис – Гиёев Муҳаммадалиф Муҳаммадназарович;
- Созмони ҷавонони факултети “Технологияи иттилоотӣ”: Раис – Ғафуров Алишер Раҳмонович;
- Созмони ҷавонони факултети “Сохтмон ва роҳсозӣ”:
Раис –Мирзоев Шамшодҷон Илҳомҷонович; - Созмони ҷавонони факултети “Нақлиёт ва технология”:
Раис – Пиров Умедҷон; - Созмони ҷавонони факултети “Энергетика ва техникаи тиббӣ”:
Раис –Шарифзода Муҳаё Рустам;
6. Созмони ҷавонони “Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”:
Раис –Мақсадов Беҳруз Парвизович.
ПРИНСИПҲОИ КОРИИ БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН
- худихтиёрӣ ва дарки масъулият;
- ошкорбаёнӣ дар фаъолият;
- бетараф набудан;
- анҷоми кори беминнат ва босифат;
- тақвияти инсондӯстӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ;
- рушди истеъдодҳои шахсӣ;
- дасгирии маънавии донишҷӯён;
- барои дигарон намунаи ибрат будан;
- аз даст надодани зиракии сиёсӣ.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН
- иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ.
- шуғлнокии ҷавонон;
- таъмини тарзи ҳаёти солим;
- таҳсилоти муносиб барои ҷавонон;
- таъминоти иҷтимоии ҷавонон;
- таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;
- мустақилияти иқтисодии ҷавонон;
- тарбияи ватандӯстии ҷавонон;
- ахлоқи ҳамида ва фаҳангдӯстии ҷавонон;
- ҷанбаҳои илмию амалӣ ва методӣ мёни ҷавонон.
«Имрӯзҳо мо кӯшиш менамоем, ки ҷавонони мо дар ҳама чорабиниҳо
иштирок намуда, масъулияти бар дӯши онҳо вогузор намудаи
Пешвои миллатро сарбаландона пешбурда,
саҳми худро дар пешрафти Тоҷикистон гузоранд»
Бобоев Ҳ.К.