Санаи 6 октябри соли 2020 дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ вохӯрии намояндагони Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои академӣ баргузор гардид. Ҷумҳурии
Чорабинии мазкурро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар Ҳакимович кушода, эълон намуда, сараввал меҳмононро муаррифӣ намуда, ҳозиринро бо масъалаҳои баррасишавандаи рӯзномаи чорабинӣ шинос намуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зухуриддин – сардори раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1, Атоӣ Бахтиёр ва Неъматзода Муҳаммадшариф – сармутахассисони раёсати номбурда, Қурбониён Баҳриддин – судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон, Бегиҷонзода Мирзо – мутахассиси пешбари бахши кадрҳои Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои «Интихоботи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон», «Муқовимат бо коррупсия», «Риояи қонунгузорӣ» ва «Пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷопарастӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин ҳамоиш Асрорзода Зухуриддин – сардори раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1, баромад намуда қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар солҳои 2013-2020 ба тарзу услубе роҳандозӣ намуд, ки кори пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ ва ѓайридавлатӣ фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ таъмин гардида, барои ҳар сокини мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё гардид. Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд бисту нуҳ сол қабл хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад. Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем.
Ҳамаи ин тавассути иҷрои консепсия, стратегия ва барномаҳои мушаххаси давлатӣ хусусан амалишавии Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон буд, таҳти шиори “Барои ваҳдат, рушди устувории иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” таҳия гардида, иҷрои нақшаҳои он ба солҳои 2013-2020 омада, баръало амалӣ гардид.
Дар рафти суханронии худ Асрорзода Зуҳуриддин қайд намуд коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсиӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.
Бо иқдоми сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсус-гардонидашуда таъсис дода шуд.
Дар рафти чорабинии мазкур Атоӣ Бахтиёр – сармутахассиси раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба масъалаҳои баррасишаванда баромад намуда, қайд кард, ки муборизаи сиёсии созмонҳо ва ҳаракатҳои тундраву ифротгаро омили нахустини буҳронҳо ва мутташанниҷ шудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳои исломӣ маҳсуб мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки ин омил ҳанӯз дар нахустин асри исломӣ, аниқтараш пас аз реҳлати Пайғамбари дини мубини ислом, дар давраи хулафои Рошидин зуҳур намуда, баъдан торафт шиддат гирифтааст ва дар замони муосир низ яке аз монеаҳои асосии пешрафти кишварҳои исломӣ ба шумор меравад. Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилоти террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд. Набудани меъёрҳо ва қоидаҳои асосию умумии муносибат ба иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ корро мушкил мегардонанд. Воқеан, таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.
Ҳамзамон, дар рафти ҳамоиши мазкур Неъматзода Муҳаммадшариф – сармутахассисси раёсати номбурда, Қурбониён Баҳриддин – Судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон, Бегиҷонзода Мирзо – мутахассиси пешбари бахши кадрҳои Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои баррасишаванда баромад намуда, фикру ақидаҳои худро иброз доштанд.
Дар фарҷоми сӯҳбат омӯзгорон ва донишҷӯён низ фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён намуда, ба саволҳои худ аз меҳмонони гиромиқадр ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Маъмурияти коллеҷи техникӣ барои баргузор намудани чунин чорабинии зарурӣ ва мувофиқи мақсад изҳори қаноатманди намуда, ба меҳмонон барои ташрифашон изҳори сипос намуд.
Шуъбаи илм ва инноватсия
Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ
0 Comments