Санаи 16.05.2024 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники адлия Насрутдинзода Қиёмуддин Шовалӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Муовини директор оид ба таълим Асроров Зокирҷон меҳмонро ба иштирокчиёни чорабинӣ муаррифӣ намуда, қайд намуд, ки раёсати коллеҷ тибқи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки барои дар фаъоияти ташкилотҳо ошкору бартараф намудани хавфу омилҳои коррупсионӣ халал ворид мекунанд ва ҷиҳати таъсири бевоситаи онҳо ба фаъоият мусоидат менамояд, тасмим гирифтааст, ки вобаста ба масъалаи мазкур ҳамоишро бо иштироки намояндагони Агентӣ баргузор намояд ва мақсади баргузор намудани ҳамоиши мазкур ташкил ва дар амал ҷорӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ин тариқ ба донишҷӯён пешниҳод намудани маълумотҳои бештар оид ба роҳ надодан ба корҳои коррупсионӣ мебошад.
Асроров Зокирҷон иброз дошт, ки коррупсия яке аз зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа буда, дар танзими ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, ҳимояи тартиботи ҷомеа, амнияти давлат таъсири бевоситаи худро мерасонад. Яке аз роҳҳои асосии муборизаи муваффақона бар зидди амалҳои коррупсионӣ ин фароҳам овардани санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва мутобиқкунии ин санадҳо дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа мебошад.
Сипас, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники адлия Насрутдинзода Қиёмуддин Шовалӣ ба сухан баромада, қайд намуд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш масъалаи мубориза бар зидди коррупсияро пайваста қайд менамояд. Ӯ иброз дошт, ки мубориза бар зидди ин амали номатлуб танҳо вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ набуда, тамоми мақомотҳо ва муассисаҳо бояд барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Бояд ҷавонони имрӯза ба амалҳои номатлуб даст назананд мақсад аз фаъолият ва ин стратегияи мазкур дар он аст, ки бояд мо пеши роҳи корҳои коррупсияро гирем.
Муҳтарам Насрутдинзода Қиёмуддин дар баромади худ сараввал оид ба пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки барои дар фаъоияти ташкилотҳо ошкору бартараф намудани хавфу омилҳои коррупсионӣ халал ворид мекунанд ва ҷиҳати таъсири бевоситаи онҳо ба фаъоият мусоидат менамояд ибрози андеша намуда, ҳамзамон оид ба эълон гардидани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва нагаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маърӯзаи пурмӯҳтаво намуда, оид ба таърихи пайдоиши коррупсия ва марҳилаҳои ташаккули он, таҷрибаи давлатҳои муваффақи ҷаҳон дар муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб, инчунин вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» маълумоти муфассалу таҳлилӣ пешниҳод гардид.