Санаи 05.04.2024 дар толори маҷлисгоҳи коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, вохӯрии гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо донишҷуёни коллеҷи техникӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохурии мазкур Роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Маҷидов Маҳмадалӣ ва мудири бахши кор ба ҷавонони колеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Саидзода Сомон иштирок ва суханрони намуданд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ, фаҳмондадиҳӣ оид ба самтҳои фаъолияти гурӯҳи ҷавонони “Авангард” ва ҳамкориҳои судманд бо ҷавонони фаъоли коллеҷи техникӣ ба ҳисоб меравад.