Санаи 04.10.2021 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Конференсияи илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгор  баргузор гашт. Мудири кафедраи забони тоҷикии коллеҷи техникӣ Назаров Х.Д. меҳмонро аз кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаррифӣ намуда, конференсияи илмӣ-фарҳангиро кушода эълон кард ва ҳамаи кормандону  омӯзгоронро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба корҳои илмиашон бурдбориҳоро таманно намуд.

  

Дар рафти конференсия маърӯзачиён баромад намуда, қайд намуданд, ки мо имрӯз дар арафаи ду ҷашни бузург, яке Рӯзи Забон ва дигар Иди касбии омӯзгорон қарор дорем. Яъне, ҳамагон медонем, ки ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр Иди касбии омӯзгорон ва рӯзи 5-уми октябр Рӯзи Забон дар саросари ҷумҳурии азизамон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин хотир, ҳамаи шумо устодони азиз ва дар симои шумо кулли мардуми сарбаланди тоҷикро бо ин ду ҷашни фархунда ва бошукӯҳ табрику таҳният намуда, ба Шумо умру дароз, хонаи обод ва дар тарбияи насли наврас, беҳтарин комёбиҳои назаррасро таманно дорам. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромади худ қайд менамоянд, ки “Эҳтироми забони давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди соҳибватан аст”. Бино бар ин аз ҳамаи Шумо пос доштани забони миллӣ, арз гузоштан ба ин забонро орзумандам.

Дар рафти конференсия корманди АМИТ Ташрипов Насриддин дар баромади худ қайд намуд, ки бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон забони модарии худро донад ва эҳтиром намояд… Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи омӯзгорон ва кормандонро бо ин ду ҷашни муқаддас табрик гуфта, ба онҳо тани сиҳатро таманно намуд.

Сипас донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ  Таѓоймуродова Субҳия маърӯза намуда, аз суханҳои Пешвои фархундапайи миллат баҳри омӯзгорон ироа кард: “Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ аз маҳсули ранҷу машаққати шабонарӯзии омӯзгор вобаста аст”.

Сипас, қироати порчаҳои шеърӣ дар иҷрои хонандагони шӯъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.

 

Дар охири конференсия барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии муассисаи таълимӣ, тарѓибу ташвиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолона иштирок намудан ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону донишҷӯён бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуда, ба  конференсияи мазкурҳусни анҷом бахшида, шуд.