Забони модарӣ тоҷи забонҳост,
Замон андар , замон андар замонҳост
Забони модарӣ пайки умедӣ,
Муқаддас ҳамчунон шири сафедӣ.
Забон муҳимтарин воситаи алоқаи байни мардумон аст. Бе сухан ҷамъият вуҷуд дошта наметавонад. Дар давраҳои аввали пайдоиши инсоният нутқ набуд ва инсонҳо бо ҳар гуна имову ишора фикри хешро баён мекарданд баъдан зиндагӣ онҳоро маҷбур кард, ки онҳо барои фаҳмидани фикри ҳамдигар чорае ҷўянд. Баъдан онҳо оҳиста оҳиста нутқ пайдо карданд. Ҳоло дар дунё тахминан 200 намуди забон мавҷуд аст ва бисёре аз онҳо аз байн рафтаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояш оиди манзалати забони модарӣ суханрониҳо намуда, чунин кайд кардаанд: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Ё дар ҷои дигар мегӯянд: «Забони точикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».
Аз ин рӯ мо, тоҷикзодагони асил хамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигох дорем забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ намоем. Намегузорем, ки эхтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо забондорон вобастагӣ дорад.
Забони модарӣ фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рузгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.
Дар баробари ин мо ҷавононро зарур аст, ки дар баробари омӯхтани забони худ ба омӯхтани забонҳои дигар машғул бошем. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугӯ намояд. Аз дарду доғ ва бурду бохти ин миллат чизе омӯзад. Рӯзномаву маҷалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ кунад. Ё худ ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд. Беҳуда бузургони мо нагуфтаанд:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Забондонист, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик бо аксари кишварҳои дунё робитаҳои дустӣ дорад ва ба сафарҳо мебароянд. Хулоса, забондонӣ – ҷаҳондонӣ ва бузургиву сарбаландист, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҳаёт инсонро ёвару мададгор аст. Донистани забони ғайр низ миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад.
Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳамарӯзе ба кор ояд забун нест.
Надонӣ гар забони миллати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.
Раҷабзода Фархунда -мудири кафедраи забонҳои коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ