Санаи 04.10.2023 дар толори фарҳнгии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” дар мавзӯи
“Забони тоҷикӣ – мероси фарҳангии соҳибзабонон” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур меҳмононон: Хоҷазод Саидмурод – доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики академияи байналхалқиии мактабҳои олӣ; Собирҷонов Солеҳҷон – номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рудакии АМИТ; Фирӯз Азизӣ – номзади илмҳои филологӣ, корманди ТВ Сафина иштирок намуданд.
Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар ифтитоҳ, иштирокчиёнро табрику муборакбод ва меҳмонони ташрифовардаро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.
Дар баромади хеш муҳтарам Азимов Х.Ҳ. қайд намуд, ки забони тоҷикӣ забони бою пурғановат буда, таърихи қадима дорад. На ҳама миллат чунин шоирону нависандагони бузург, ба монанди Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомию Рӯдакӣ ва Айнию Турсунзода доштаанд, ки тавонистаанд тули таърих забону миллати хешро байни ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Чи тавре, ки Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон қайд намудаанд «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин рӯ ҷавононро мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ намуда, дар баробари ин на камтар аз се забони хориҷиро азхуд намоянд. Чунки дар замони ҷаҳонишавӣ, ки сабабгори густариши равобит ва муносибатҳои наздики халқҳо ва кишварҳо гаштааст, надонистани забонҳои хориҷӣ монеи зиёд эъҷод карда метавонад ва баръакс донистани забонҳои гуногун боиси боз ҳам рушду нумуъи кишвар хоҳад гашт. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугӯ намояд, ё худ ҳангоми мусофират ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардад, озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд. Зеро шоир гуфтааст:
Забондонӣ ба волоӣ расонад,
Зи гумроҳию нодонӣ раҳонад.
Касе к-у беш омӯзад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар коллеҷи техникӣ китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ намерасиданд ва донишҷӯён маҷбур буданд, ки адабиёти таълимиро бо забони русӣ дастрас намуда, азхуд намоянд. Бо шарофати истиқлолияти кишвар тули солҳои охир дар Коллеҷ оид ба ҳама фанҳои тахассусӣ китобҳои дарсӣ ва дигар адабиёти таълимӣ бо забони тоҷикӣ чи дар шакли чопӣ ва чи дар шакли электронӣ мавҷуданд. Донишҷӯёнро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳо самаранок истифода намуда, сатҳи дониши худро баланд намоянд.
Дар Коллеҷи техникӣ кафедраи “Забони тоҷикӣ фаъолият менамояд” ва аз тарафи омӯзгорони ин кафедра пайваста маҳфилҳои гуногун вобаста ба омӯзиши забону адабиёти тоҷик ташкилу баргузор карда мешаванд, вале ин чорабиниҳоро мебояд дар оянда боз ҳам ҷоннок намуд.
Омӯзгорон чун ҳамеша воқеан рисолати таърихии худро сарбаландона иҷро намуда, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд.
Сипас, тибқи сенарияи баргузории конференсия Хоҷазод Саидмурод – доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики академияи байналхалқии мактабҳои олӣ дар мавзӯи “Нақши забон дар ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ дар замон истиқлол ”, Собирҷонов Солеҳҷон – номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рудакии АМИТ дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мақоми давлатии забони тоҷикӣ ”, Фирӯз Азизӣ – номзади илмҳои филологӣ, корманди ТВ Сафина дар мавзӯи “Забони тоҷикӣ – дар давоми инкишофи худ”, Юсупова Нигина муаллими калони кафедраи забони тоҷикии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар мавзўи “Забони модарӣ – сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист” маърӯза намуданд.
Дар асоси тартиби баргузории конференсия иштирокчиён ба маърӯзачиён оид ба мавзӯъҳои баромадшуда саволҳо пешниҳод намуда посух гирифтанд.
Дар фарҷоми конференсия омузгорони кафедраи забони тоҷикӣ бо сипосномаи раёсати коллеҷи техникӣ қадрдонӣ карда шуданд.